Санаи 19.04 соли 2023 дар Институти биологии Помир ба номи академик Х.Юсуфбекови АМИТ Шӯрои олимони Институт гузаронда шуд. Директори Институт номзади илмҳои биологӣ Хуҷамзода Гулнора бо сухани ифтитоҳи ҳааи кормандонро бо “Рузи илм” табрику таҳният гуфта, оид ба дастовардҳои илмии Институт дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард. Бо суханҳои табрикотӣ ба муносибати “Рузи илм” доктори илмҳои кишоварзӣ академики АМИТ Акрамшо Фелалиев, доктори илмҳои кишоварзӣ узви вобастаи АМИТ, Қозимамад Абдуламонов, доктори илмҳои биологӣ Довутшо Наврузшоев баромад карданд.

    Дар баробари ин дар Шӯрои олимони Институт презентатсияи рисолаи доктории номзади илмҳои биологӣ Абдулназаров Абдулназар дар мавзӯъи “Эколого-фаунистические и пространственно-временные особенности орнитофауны Памира” шунида шуд. Қайд кардан зарур аст, ки рисолаи доктории Абдулназаров А. дар арафаи ҳимоя қарор дорад.   

      Дар охири ҷаласа кормандони фаъоли Институт бо ифтихорномаҳо ва ба собиқадорони илм мукофотҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.