Имрӯз дар санаи 19.05.2021 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Мо, ҷавонон созандагони Ватанем" баргузор шуд, ки дар он ҷавонон ва масъулини Кумитаи шаҳрии Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон мушорикат доштанд. Дар ҳамоиши мазкур президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ширкат намуда, зимни суханронии пурмуҳтаво ҷавононро нерӯи бузурги сиёсиву маънавӣ номид ва таъкид кард, ки нақши ҷавонони муосир дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар бояд истиқбол шавад.
   Дар ҳамоиш раҳбарони бархе аз муассисаҳои давлатӣ чун муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвақт Шарифзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, сардори раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳбоз Раҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ширкат намуда, андешаҳои хешро ҷиҳати сарнавишти ҷавонон ва эътимоди онҳо ба густариши шахсият иброз карданд.
  Ҷоиз ба тазаккур аст, ки ҷавонон дар қиёс бо гурӯҳҳои синну солашон мухталиф ҷасуру матинирода мебошанд ва ҳифзи марзу якпорчагии кишвар ва соири арзишҳои миллӣ бар дӯшашон вогузошта мешавад. Бинобар ин, нангу номуси мо, инсонҳои солхӯрда ҷавононанд. Чунки солӯрдаҳо ғолибан мутафаккир мешаванд, аммо ормонҳои онҳоро маҳз ҷавонон роҳандозӣ хоҳанд кард. Агар саҳеҳтар андеша кунем, ба хулосае меоем, ки ҷавонон бинобар ояндаи миллат будан боз имрӯзи ҷомеа ҳастанд ва мебоист дар таъини сарнавишти миллат бо дигар тоифаҳои иҷтимоӣ шарик бошанд...

 Возможно, это изображение (16 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении)

 Возможно, это изображение (22 человека, люди стоят, люди сидят, костюм и в помещении)

https://anrt.tj/tj/khabar-o/1575-posdoroni-arzish-oi-mill