Details
21 Январ 2021
777
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.
Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2021» бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст.
Муфассал...
Details
21 Январ 2021
837
20.06.2018, шаҳри Душанбе
Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, Муҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳо, Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳамаи шуморо ба шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хайрамақдам мегӯям.
Умед дорам, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинии имрӯза, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон доир мегардад, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда иқдомоти амалии муассир сурат хоҳад гирифт.
Итминон дорам, ки конфронси имрӯза барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба мавзӯъҳои ҷаласаи дарпешистодаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашум оид ба захираҳои об муҳокима мегардад, имконоти мусоид фароҳам меорад.
Муфассал...
Details
21 Январ 2021
877
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳои озмун ва рӯйхати адабиёти тавсияшаванда тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
Муфассал...
Details
21 Январ 2021
725
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд - СМР-2030) дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст. Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст.
Муфассал...
Lorem ipsum dolor sit amet, conse adipiscing elit. Maecenas mauris orci, pellentesque at vestibulum quis, porttitor eget turpis. Morbi porta orci et augue sollicitudin cursus ut eget ligula. Etiam eu sapien at purus ultricies tempor. Suspendisse interdum, nibh vel vulputate tristique, massa tellus sodales mauris, ac molestie massa magna ultrices odio. Aliquam blandit mollis mauris at pharetra. Morbi libero enim, interdum sit amet interdum eget, imperdiet ut orci. Sed sit amet accumsan est. Morbi nunc turpis, vestibulum at tincidunt ac, semper nec justo. Vivamus quis placerat nisi. Vivamus mauris tortor, pellentesque a adipiscing sed, tempus vel enim.
Муфассал...