Ҳолати чарогоҳҳои мавзеъи Булункули Помири Шарқӣ омӯхта шуда, маълум гардид, ки дар ин чо се намуди чарогоҳҳо мавҷуд хастанд; биебонӣ, даштӣ – биёбонӣ ва марғзорӣ, чарогоҳҳои биёбонӣ ва даштӣ- биёбонӣ дар нишебии куҳҳо ҷойгир шуда, чарогоҳҳои маргазорӣ дар лаб -лаби дарёҳо, кӯлҳо ва дар наздикии пиряхҳо ҷойгир шудаанд. Эдификаторҳои асосии чарогоҳҳои биёбонӣ, доманаи сафедмуй ва терескени хокистарранг буда, аз чарогоҳҳои даштӣ - растаниҳои авлоди ковил мебошанд. Дар чарогоҳҳои маргазорӣ бисёртар растанихои авлоди осока ва кобрезия мерӯянд. Чарогоҳҳои маргазорӣ бо гуногуннамуди нисбатан бой буда, дар онҳо 24 намуд, дар чарогоҳҳои даштӣ - биёбонӣ -13 намуд ва дар чарогоҳҳои биёбонӣ - 9 намуди растаниҳо нашъунамо мекунанд. Пушондашавии растанихо руи хокро(проективное покритие) 25, 30  ва 94% ташкил медихад. Ҳосилнокии чарогоҳҳои биёбонӣ- 0.44 т/га, чарогоххои даштӣ-биёбонӣ - 0.50 т/га ва марғзорӣ 1.35 т/га - ро ташкил медихад.

    Исбот гардид, ки дар водии Шоҳдараи Помири Ғарбӣ чор намуди чарогоҳҳо ҷойгир шудаанд; биёбонӣ ва нимбиёбонӣ, болокуҳӣ - ксерофитӣ, даштӣ ва хоралафӣ, марғзорӣ ва ҷангалӣ. Эдификаторҳои чарогоҳҳои биебонӣ ва болокуҳии ксерофитӣ - даманаи вахонӣ, терескени Еверсман ва даманаи Коржинский буда, аз чарогоххои даштӣ- ковили туркистонӣ, ковили бадахшонӣ ва такячаи помирӣ мебошанд. Дар чарогоҳҳои марғзорӣ асосан мятлики маргазорӣ ва полевисаи гигантӣ нашъунамо мекунанд.  Миқдори намуди растанихо дар чарогоҳҳои биёбонӣ -16 дона, дар болокӯҳи ксерофитӣ - 20 дона, дар даштӣ -24 дона ва марғазорӣ - 28 дона - ро ташкил мекунанд. Пушондашавии растаниҳо руи хокро (проективное покритие) 27, 29, 30 ва 96 % мутаносибан ташкил медихад. Ҳосилнокии чарогоҳҳои биёбонӣ - 0.60 т/га, дар болокӯҳи ксерофитӣ - 0.90 т/га, дар даштӣ -1.00 т/га ва марғзорӣ - 2.4 т/га - ро ташкил мекунанд.      

    Дар давраи солҳои ыисоботи дар шубаи гуногуннамудии растаниҳова ҳайвонот чунин дастовардҳои илмӣ ба роҳ монда шуданд: кормандони лабораторияи ташхиси хок, хокыои 38 чарогоыыои мавсимии мавзеыои ноыияыои Роштщала ва Шуцнонро, ки ыам дар Помири Царбӣ ва ыам Шарщӣ ьойгиранд ташхис намуданд. Мақсади асосии ташхис ин муайян кардани нишондодыои асосии химиявии хощыо, тавсифи морфологии оныо дар шароити саыро, ва муайян кардани аломатыои асосии деградатсияи ин хокыо буд.  Муқаррар гардид, ки дар ыамаи ьойыои ташхискарда шуда ыам фарсоиши бод= ва ыам фарсоиши об= ба щайд гирифта шуд. Фарсоиши об= асосан дар Помир= Царб= ва фарсоиши бод= бошад дар Помири Шарщи бисъертар ба назар мерасад. Фарсоиши об= пурра щабатыои болоии хокыоро вайрон намекунад, барои ыамин ыамаи хокыо пурра шусташуда нестанд. Ташхисис химиявии хокыо нишон дод ки оныо ба хокыои аз ьиыати гумусноки камбацаланд, мищдори гумус ба фоизи маинхок дар намунаҳои хоки гирифташуда аз 3,8 фоиз баланд набуд. Мищдори азот бошад аз 0,2 то 1,2 фоизро ташкил дод. Дар маьмӯ хокыои ташхис шуда серсанг ва скелетноканд. 

    Нишон дода шудааст, ки ҳосилнокии миёнаи ранкаи сарбаста 5 т/га вазни тар ва 2.5 т/га вазни хушк ташкил медиҳад. Ҳосилнокии баландтарини ранкаи сарбаста дар соли сеюм ба даст меояд. Нисбасти кишти дигар растаниҳои хӯроки чорво пӯшиши қитъҳаро юнучкаи корам 90 %  ташкил медиҳад. Баландии растаниҳо то пайдоиши тухмӣ то 125 см мерасад. Ҳосилнокии юнучқаи корам дар 1  м2 дар вазни тар 5 кг, дар вазни хушк бошад 3 кг –ро ташкил медиҳад.

    Тадқиқотҳо нишон доданд, ки   дар заминҳои  таназуллёфта юнучқаи корам ва юнучқаи досмонанд нисбати  дигар растаниҳои дигари хӯроки чорво  ҳосили дилхоҳ дода метавонанд ва солҳои зиёд рушду нумӯ менамоянд.Барои кормандони хоҷагиҳои деҳқони тавсия дода мешавад,ки барои аз хуроки чорво дар тамоми фасли сол таъмин будан дар майдонҳои кишт зиёдтар аз юнучқаи корам истифода намоянд.

Дар шароити Помири Шарқӣ маҳсулнокии кишти якҷояи терескени хокистарранг бо арзанаки сархамида омӯхта шуда, маълум гардид, ки дар варианти назоратӣ (бе обмонӣ) аз ҳар га 0,48т., бо обмонӣ 0.76 т/га,бо киштии тухмии терескен ва обмонӣ 1,05 т/га ва дар варианти кишти якҷояи терескен бо арзанаки сархамида 1,80 т/га бедаи хушк гирифтан мумкин аст. 

    Нишон дода шудааст, ки кирминаи тиллочашмаки муқаррарӣ ҳам кӯяи ғалладонагӣ ва ҳам ширинчаро мехӯрад. Ширинчаҳои карам ва шафтолу чун ғизои хуб дар давоми инкишофи пурраи тиллочашмаки муқаррарӣ аз давраи тухм то ҳашароти болиғ хизмат мерасонанд.

    Ҳайҳати намудии орнитафаунаи Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ муқаррар гардида, таҳлили муқоисавии онҳо тартиб дода шуд.  Луғати номгӯҳи паррандаҳои Помир бо забонҳои русӣ, англисӣ, лотинӣ, тоҷикӣ ва забонҳои помирӣ дар формати диалекти шуғнонӣ – рӯшонӣ тартиб дода шуд.  Нахустин бор дар ҳудуди Помири Ғарбӣ арзанхӯрак (Emberiza calandra L.) пайдо гардид ва лонагузории он дар ноҳияи Ванҷ ҳисбот гардид.                                                                                                             

     Дар ду минтақаи гуногуни Помир тадқиқотии баландкӯҳи Ҷелондеҳ (3500м аз сатҳи баҳр) ва Булункӯл (3700м аз сатҳи баҳр) ҳосилнокии массаи хушки умумии баъзе растаниҳои хӯроки чорво муайян  карда шуд.

      Муқаррар карда шуд, ки дар баландиҳои 3450 ва 3700 м аз сатҳи баҳр, аксарияти растаниҳо нашъунамояшонро фақат дар давраи гулкунӣ ба охир мерасонанд, арзанаки сархамида ва колосняки варамхӯша вегетатсияи худро дар марҳилаи мевабандӣ ва ҳосилшавии тухм ба охир мерасонанд. Дар ин мавзеҳҳо ҳамчун намудҳои ояндадор арзанаки сархамида, колосняки варамхӯша, тимофеевкаи марғзорӣ, ҷавдори бисёрсолаи "қирғизӣ" чойғоби сибирӣ, юнучқаи досмонанд, себаргаи  марғзорӣ  ва дигарон ҷудо карда шуданд. 

     Омӯзиши сифати тухмии растаниҳои хӯроки чорво нишон дод, ки сабзиши тухмии навчидашуда паст аст. Дар мурури нигоҳдории он то як сол пухта расидани онҳо ба амал омада, қувваи сабзишашон баланд мешавад, аммо баъди панҷ сол нигоҳдории онҳо қувваи сабзишашон паст мешавад. Барои мисол сабзиши тухмии навҷамъоваришудаи терескен – 35 %,  баъди нигаҳдории яксола -  50%, аммо баъди нигаҳдории  панҷ  сола қобилияти сабзишашон 39,0 % - ро ташкил дод. Аз астрагали нахуди тухмии навҷамъовардашуда, сабзишаш 65%, вале баъди як сол нигоҳдории он 91,0% ташкил дод. Қобилияти сабзиши саҳроии ин тухмиҳо  нисбат ба қобилияти сабзиши онҳо дар шароити озмоишгоҳ 25 – 30% пасттар аст.  

    Тадқиқотҳо оиди муқаррар намудани гуногуннамудии тиллочашмак нишон доданд, ки  дар ҳудуди Помири Ғарбӣ 4 намуди тиллочашмак: муқаррарӣ, ҳафтнуқтадор, сафедрахдор ва Chrysopa dubitans McLach вомехӯранд. Муқаррар гардид, ки барои парвариш ва афзоиши тиллочашмак муҳити ғизои қулайтартар тухми кӯяи ғаллагӣ мебошад.

    Нишон дода шудааст, ки дар ҳудуди қаторкӯҳҳои Рӯшон зиёда аз 58 намуди  намояндагони гурӯҳи ҳашаротҳои сахтбол ба қайд гирифта шудаанд, ки қариби 40 намудашон дар ҳудуди ландшафтҳои антропогенӣ вомехӯранд ва аз онҳо 16 намуд дар биотопҳои бешазор, 4 намуд дар биотопҳои марғзорӣ ва 2 намудашон дар ҳамаи биотопҳо вомехӯранд.

    Хусусияти биоэкологии савораҳои  броконидҳо  дар шароити гуногуни экологӣ – географии Помири Ғарбӣ тадқиқ гардиданд. Муқаррар гардидааст, ки савораҳои броконид (Braconidae, Hymenoptera) – яке аз гурӯҳи калони муфтхӯри   ҳашаротҳои болҳои бардошта, ки вазифаи батартибдарории миқдори гуногунии ҳашаротҳои фоидаоварро доранд, дар  ландшафтҳои кишоварзӣ ва  ҷангали вилоят вомехӯранд. 

      Нишон дода шудааст, ки унвои мевадиҳандаи тухмакдори Помири Ғарбӣ бо 4 намуди зараррасонҳо осеб мебинанд:  мевахӯраки себ, ширинчаи  себ, кӯяи хунини себ, боҳтури себ, ва кӯяи сабзи амруд. Муққаррар гардидааст, ки 30 -35% меваҳои себ дар шароити Помири Ғарбӣ бо мевахӯраки себ осеб меёбанд. Омӯзиши хусусиятҳои кӯяи хунин нишон дод, ки паҳншавии ин намуд дар солҳои охир хеле босуръат ба назар мерасад.  

      Таҳқиқоти мамнунгоҳи Музкул нишон дод, ки дар ин ҷо  аз ҳайвоноти нодир намудҳои паланги барфӣ (Panthera uncia) вомехӯрад. Дар нишебии кӯҳҳо архарҳо (Ovis ammon polii), дар мобайни ҷариҳо бузҳои кӯҳии осиёи марказигӣ(Capra sibirica),  саршумори зиёди суғури дароздум (Marmota caudata), бештар харгӯши толай (Lepus tolai), гурги хокистарранг (Canis lupus), рӯбоҳ (Vulpes vulpes) ва дигар ширхӯрони майда вомехӯранд.  Дар давраи фаъолии суратқапак 546 сурати паланги барфӣ бо ба даст оварда шуда, 10- то пайдоиши беҳамтои паланг дар суратқапак ба амал омад. Ташхиси суратҳои коркардкардашуда иштироки 4 фарди ҳархелаи паланги барфиро гувоҳӣ медиҳад. Аввлин бор дар Помири Шарқӣ дар наздикии ағбаи Қоқҷар имконият пайдо гардид, ки гурбаи биёбониро(Felis silvestris) муқаррар намуда, суратгирӣ намоем.

     Муқаррар гардид, ки аз рӯи ҳисоботи нави фаунаи   Тоҷикистон ҳайати намудии фаунаи  паррандаҳои Бадахшон ҳайни ҳол 276 намуд ва зернамудро ташкил медиҳад.  Аввлин бор дар ҳудуди Тоҷикистон воридшавии дурроҷи чормағзӣ (Turdus rubrocanus)  нишон дода шуд. Гурӯҳи сифатнокии фаунаи лонагии паррандагони Бадахшон муқаррар гардид, ки 63 намудро дар бар мегирад.  

     Аввалин маротиба дар ҳудуди ВМКБ  лонагузории 11 паррандаҳои лонагузори барои фаунаи минтақа нав ба монанди: мурғобии калон (Podiceps cristatus),  ҷоғдор (Rallus aquaticus), фароштуроки деҳотӣ (Hirundo rustica), фароштуруки заркамар (Hirundo daurica), майнаи муқаррарӣ (Acridotheres tristis), ғинғинаки хираранг (Hippolais pallida), шӯхаки даштӣ (Hippolais languida), тарранди хушхон (Sylvia hortensis), биҳиштӣ (Terpsiphone paradisi), хокистарранг (Muscicapa striata), ва зарддумаки (Muscicapa ruficauda)пашшақапак

               Татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар амалия ва ё истеҳсолот

   Дар солҳои тадқиқотӣ 25 намуд растаниҳои хӯроки чорво дар мавзеъи Варсушчдашт ва14 намуд дар Боғи наботот кишт карда шуда, аз ҷумла 0,5 га растаниҳои бисёрсолаи хӯроки чорво ва 30 га ғалладонагию лӯбиёгӣ кишт карда шуд ва маъсулнокии коҳ натиҷахои дилхоҳ дод. Барои омӯзиши маъсулнокӣ дар мавзеъи Булункули ноҳияи Мурғоб кишти картошка дар масоҳати 0,5 га ба роҳ монда шуд, ки ҳайни замон ҳолати растаниҳо хуб аст.   Дар  мавзеъи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон ҳолати растаниҳои хӯроки чорво хуб буда, асосан маъсулнокии юнучқаи досмонанд ва себаргаи марғзорӣ нисбати дигар зироатҳо баландтар мебошад.  Дар лабораторияи ҳашаротшиносӣ омӯзиши биологияи сафедболак дар растаниҳои мевадиҳанда ва сабзавот ба роҳ монда шудааст. Сафедболаки гармхонагӣ дар ҳамаи намуди растаниҳо вомехурад, асосан дар сабзавот.  Омузиши афзоиш гӯсфанди кӯҳӣ ба роҳ монда шуд  ва натиҷаи наслгирии онҳо ба қайд шуд, инчунин  санҷиши ғизои бузи кӯҳӣ омӯхта шуд.

   Дар участкаи Булункул дар майдони 0.5 га кишти растаниҳои бисёрсолаи хӯроки чорво гузаронида шуд. Дар ноҳияи Ишкашимском  қ. Навобод ва н. Шуғнон  қ. Чартем  марғзоркунӣ бо растаниҳои хӯроки чорво гузаронида шуд.

  Кормандони лабораторияи растаниыои хуроки чорво соли 2014 дар ш. Душанбе дар конфронси байналмилаии илми-амали  «Ҳифзи гуногуннамудии биологии Помир дар шароити тағийрёбии иқлим» иштирок карданд. Кормани илми институт Щадамов А аз руи програмаи Ирасмус Мундус дар Виллахи Австрия коромузи аз руи барномаи ArcGIS гузашт.

   Карамхудоева М.  дар Волусволиҳои  Султон Ишкошим ва Шуғнон   дар соли 2016  дар мавзуи  ”Ҳашаротҳои зараррасони  боғот  ва растаниҳои полезӣ” 4 машғулияти семинарӣ гузаронид.

     

  

 

 Олами ҳайвоноти мавзеъҳои кишоварзӣ ва хусусиятҳои биоэкологии ҳайвоноти сумдори ваҳшии Помири Ғарбӣ.

 

  Соли 1969 дар асоси мабдаи Помирии АИ РСС Тоҷикистон Институти биологии Помир бо сектори зоология ташкил карда шуд, ки минбаъд ин сектор ба озмоишгоҳи зоология табдил ёфт. Вазифаи аввалин дараҷаи сектор ташкили таҳқиқи ҳамаҷонибаи фаунаи вилоятиМухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба ҳисоб мерафт, ки дар рафти ин таҳқиқот таркиби намудӣ, паҳншавӣ, биология ва мувозинати экологии ҳашаротҳо – зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ, мевадиҳанда, бутта ва дарахтони ҷангалӣ, растаниҳои сабзавотӣ, зироатҳои хушадору лубиёгӣ, картошка ва растаниҳои доруворӣ, инчунин баъзе гурӯҳи муфтхӯрон (ихневоманидҳо) ва дарандаҳо (тортанакҳо, визвизакҳо ва гаҳвораҷунбонҳо) омӯхта шуд.Роҳбари таҳқиқоти зоологӣ дар Помир муҳаққиқон: И.С. Малявин (солҳои 1969 - 1972), В.А. Михайлов (солҳои 1973 - 1984), М.К. Қадамшоев (солҳои 1984 - 2013) ба ҳисоб мерафтанд. Сарпарастии таҳқиқоти зоологиро дар Помир бетанафус то лаҳзаи охириниҳаёт академик М.Н. Нарзиқулов ба ӯҳда дошт.

  Дар озмоишгоҳи зоологии ИБП аксари  солаҳои номзадӣ -Е.М.Андреев. (1970)., Михайлов (1971), М. Қадамшоев ва Н. Миралибеков (1974)., А. Одинашоев (1979)., Т. Булбулшоев (1980).,А.Г. Абдулназаров (2000).,  Карамхудоева М.Н (2017) дифо карда шуданд. Баъзе аз мутахассисони ҷавон дар арафаи дифои рисолаи номзадӣ қарор доранд.

Фауна ва экологияи ҳашароти фоиданок ва зараррасони Помири Ғарбӣ

  Аз соли 2000-ум  шурӯъ карда то ҳол дар озмоишгоҳи зоология таркиби намудӣ ва хусусиятҳои экологии сафедболакҳои ВМБК омӯхта шуда истодааст. Айни ҳол мавҷудияти 5 намуди сафедболакҳо ошкор карда шуд, ки зараррасонҳои ҷиддии зироатҳои гуногун дар гармхонаҳо ва майдонҳои кишт ба шумор мераванд. Бори аввал манбаҳоиғизогии сафедболакҳо омӯхта шудааст. Дар щароити Помири Ғарбӣ бори нахуст муқаррар карда шудаааст. Сафедболакҳо дар 75 намуди растаниҳо дучор меоянд, ки ба 22 оила мансубанд. Вобаста ба паҳншаии амудӣ ва макони сукунати сафедболакҳо муқаррар карда шудааст, ки зараррасонии онҳо гуногун мешавад.


  Барои мисол аз 5 намуди ошкоргардида, маълум карда шудааст, ки ба зараррасонҳои ҷиддии зиротҳои кишоварзӣ - сафедболаки насрин ва гармхонагӣ маҳсуб меёбанд.

  Дар ҳудуди Тоҷикситон дар минтақаҳои кӯҳиву ҷангалӣ, ҷангалзори паҳнбарг, ки аз чормағз, фарк,қорт ва ғ. таркиб ётаанд дар баландии 1100 -1200 метр аз сатҳи баҳр, инчунин дар марзҳои болоии минтақаҳои ҷангалӣ (2200 метр аз сатҳи баҳр) вомехӯрад.

Визвизакинихони-Carabusobtusus  Ganglbauer

Сахтболхо - coleoptera 

Оилаивизвизакхо - Carabidae. 

  Кирминаҳо дар қабати намноки хок дар решаҳои чормағзи юнонӣ инкишоф ёфта, аз қисмҳои зерихокии растаниҳо ғизо мегиранд.

 Парвози гамбусакҳо дар миёнаи моҳи июл оғоз гардида, то охири моҳи август идома меёбад. Наринаҳо зуд зуд ба равшанӣ парвоз мекунанд. Модинаҳо бошад ба равшанӣ парвоз накарда, аҳён аҳён вомехӯранд. Зимистонро дар марҳилаи кирминагӣ аз сар мегузаронанд.

  Барои ҳифз ва нигоҳдории визвизак бо мақсади коллексия,ҷамоварии онҳоро қатъиян манъ кардан лозим аст.

 Муборизаи биологӣ бар зидди ҳашаротизараррасон.

  Таҳқиқоти гуногунии биологии фаунаи баландкӯҳи Помир гузаронида шуда, технологияи усули экологии безараргардонии ҳимояи наботот аз зараррасонҳо ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ таҳия карда шуд. Афзоиши 3 намуди энтомофагҳо (трихограмма, габробраконватиллочашмакҳо)ва истифодаи онҳо бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ амалӣ карда шуд. Растаниҳои маҳалии таркиби инсектидсидошта ва истифодаи онҳо бар зидди зараррасонҳо гузаронида шуд. Ҳашароти зараррасони растаниҳои кишоварзииВилоятиМухтори Кӯхистони Бадахшон(боғҳои мевадиҳанда,ҷангалзорҳо, зироатҳои ғалладона, сабзавоту картошка, растаниҳои шифобахш) зиёда аз 200 намудро ташкил медиҳанд. Дар байни онҳо аз ҳашаротҳои маканда – ширинчаҳои ноку амруд, ширинчаҳои себу зардолу, ширинчаҳои шафтолу, ширинчаҳои карам, сабзи, кадугиҳо, лаблабу, тортанакканаи туркистонӣ, аз ҳашароти хоянда – кирмисеб, куяи мевагиҳо, куяи себ, кирми зарриндумболаки туркистонӣ ва ғ.ба растаниҳо зарар мерасонанд. Яке аз сабабҳои камҳосилии зироатҳои кишоварзӣ ин ба миқдори зиёдафзоиш карданиҳашароти зараррасон мебошад. Дар солҳои охир аз усулҳоихимиявии мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон бештар истифода бурда мешуд. Қариб ба тамомибоғу дарахтон вабуттазорҳо ҳар сол 1 то 2 маротибабо заҳрҳои химиявӣкоркард гузаронда мешуд. Дар чунин шароит кирминаиҳашароти зараррасон бо тадриҷ ба заҳрҳои химиявӣ одат карда, устувори пайдо карданд. Аз инлиҳозолимон ба истифода намудани усулхои биологии мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон бештар диққат доданд.

 Яке аз ҳашароти фоиданоке, ки бар зидди ҳашароти зараррасон истифода бурда мешавад, ин тиллочашмаки муқаррарӣ Crysopacarnea Steph.мебошад. Тиллочашмак муқаррарӣҳашароти даранда буда аз ширинчаҳо, тортанаккана, тухм ва кирминаи майдаи пулакчаболон, гамбускҳо, трипсҳо, ганг ва дигар ҳашароти зараррасон ғизо гирифта, онҳоро нобуд мекунад.

Тиллочашмаки муқаррарӣ

  Ин намуд қариб дар тамоми минтакаҳои Помири Ғарбӣ вомехӯрад.

  Габрабракони камқувват ба қатори пардаболон оилаи браконидҳо дохил мешавад. Ҳашароти ҳаҷман хурд буда, дарозии бадани он ба 2-3,5 мм баробар аст.Аксар вақт тухмашро ба танаи кирминаи пулакчаболони зараррасон мегузорад.

 

Кормандони озмоишгоҳ ҳангоми сар додани трихограмма  ва габраброкон дар боғҳои  ноҳияи Шуғнон

Бракони модина ба бадани кирм (вобаста ба хаҷмаш) аз 1 то 10  тухммегузорад.Кирми куяи занбӯри асал ҳамчун ғизо муми занбури асал,шакар ва ширбиринҷро истифода мебарад. Трихограммаи майда тухми худро ба даруни тухми кирми тирамоҳӣ, кирми карам, кирми кураки пахта, кирми шалғам, куяи себ, ва дигарон гузошта муфтхурӣ мекунад.

Трихограмма

  Дар натиҷаи корҳои экспедитсиони муқаррар карда шуд,ки бузи куҳии сибирӣ дар шароити ВМКБ дар Помири Шарқӣ қаторкӯҳҳои Музкол,Пшар, Аличури Ҷанубӣ,  шимолӣ ва Вахон паҳн гардидааст. Вобаста ба паҳншавии амудӣ намуд дар баландии то 3500 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд. Муқаррар карда шудаст,ки  шумораи умумии бузи куҳии сибирӣ 1772 фардро ташкил мекунад. Ошкор карда шудааст, ки дар моҳҳои декабр январ ҷуфтишавии намуд ба амал меояд. Дар шароити табиинамуд то 10-12 сол умр мебинад.

  Таҳқиқоти мамнуъгоҳи Музкул нишондод, ки дар ин мавзеъ аз ҳайвоноти нодир бабри барфӣ (Panthera  uncia) вомехӯрад.

 Дар нишебии кӯҳҳо гусфанди помирии Марко Поло (Ovis ammonpolii) ва дар байни ҷариҳо бузи кӯҳии сибрӣ (Capra sibirica), бабри барфӣ (Panthera  uncia) бузи кӯҳии сибирӣ (Capra sibirica), суғури думдароз (Marmota caudata), харгӯши толай (Lepustolai), гурги хокистарранг (Canislupus), рӯбоҳ(Vulpesvulpes) ва дигар ширхӯрони хурдҷусадучор меоянд. Дар натиҷаи истифодаи домҳои аксбардорӣ 546 акси бабри барфӣ ба аксбардорӣ карда шуд.  Бори аввал дар Помири Шарқӣ дар наздикии ағбаи Қоқҷар имконият пайдо гардид, ки мавҷудияти гурбаи биёбонӣ (Felissilvestris) маълум карда шавад.

  Дар ҳудуди ВМКБ  лонагузории 11 намуди паррандаҳои лонагузори барои фаунаи минтақавӣ ба монанди: мурғобии калон(Podicepscristatus),ҷоғдор(Rallusaquaticus), фароштуроки деҳотӣ(Hirundorustica),фароштуруки заркамар(Hirundo daurica), майнаи муқаррарӣ(Acridotherestristis), ғинғинаки хираранг(Hippolais pallida),шӯхаки дашт(Hippolaislanguida), паррандаи хушхон(Sylviahortensis), биҳиштӣ(Terpsiphone paradisi),хокистарранг(Muscicapastriata), вазарддумаки(Muscicapa ruficauda) пашшақапак ба қайд гирифта шуд.  Инчунини бори аввал дар ҳудуди собиқ иттифоқи шуравӣ мавчудияти сочи брамини собит карда шуд.

Сочи брамини(Sturnis pogodarium) 

  Лонагузории намуди  паррандаи мазкур дар ҳудуди водии Вахон ба қайд гирифта шуд. Бори аввал лонагузории куланги радиола    дар ҳудуди Тоҷикистон исбот гардид. Паррандаи ягона дар қитъаи ботлоқии деҳаи Птут дар водии Вахон лона мегузорад.

Куланги ордиола (Ardeola grai)

Ҳамкориҳои илмии бурунмарзии Озмоишгоҳ

 

   Озмоишгоҳ  бо Институти Зоология ва Паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ,   Институти зоологияи  Санкт –Петербург, бо Донишгоҳи Аграрии Точикистон ба номи Ш.Шотемур,  Донигоҳи  Осиёи Марказӣ, бо Фонди Огохони Афғонистон ҳамкорӣ дорад.Падидаи нав дар фаъолияти ҳашаротшиносон ин аст, ки дар озмоишгоҳи институт, дар ҳамкори бо фабрикаи биологии ноҳияиИсфараи вилояти Суғд афзоиш ва истифодаи се намуд ҳашароти фоидаовар (габрабракон, трихограмма ва тиллочашмак) ба роҳ монда шуд.