Ба сохтори институт воҳидҳои илмии зерин дохил мешаванд:

  1. Шуъбаи гуногуншаклии биологии наботот ва ҳайвонот (мудир – номзади илмҳои биологӣ Л.Нусайриева)
  2. Озмоишгоҳи экологии таҷрибавии растаниҳо (мудир – н.и.б.А.Сафаралихонов)
  3. Озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо (мудир – доктори илмҳои кишоварзӣ К.Абдуламонов)
  4. Озмоишгоҳи мевапарварии баландкӯҳӣ (мудир.- номзади илмҳои биологӣ М.Исмоилов)
  5. Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурский (директор- номзади илмҳои биологӣ Г.Хуҷамова)
  6. Осорхонаи «Табиат» (директор- ороишгар А.Мансуров)

Институт заминагоҳҳо, қитъаҳо ва пойгоҳҳои зерин дорад:

  1. Қитъаи таҷрибавӣ дар назди институт (ш. Хоруғ, 2320 м аз сатҳи баҳр);
  2. Заминагоҳи Чечектӣ дар Помири Шарқӣ (3860 м аз сатҳи баҳр);
  3. Заминагоҳи Ванҷ (1600 м аз сатҳи баҳр);
  4. Заминагоҳи Роғак (1150 м аз сатҳи баҳр);
  5. Пойгоҳи агроэкологии Ҷелондеҳ (3800 м аз сатҳи баҳр).

    Дар назди институт китобхонаи адабиёти биологӣ бо захираи китобии қариб 20 ҳазор нусха мавҷуд аст. Дар гербарияи институт қариб 15 ҳазор баргҳои растаниҳои олии гулдор ҳифз карда мешавад.

    Дар айни замон дар институт 46 корманди илмӣ, аз ҷумла 3 доктори илм (аз онҳо 2 академик) ва 11 номзади илм фаъолият менамоянд.