Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунии инкишофи ҷумҳурӣ афзалиятро бештар ба соҳаҳои илму маориф дода, дар бораи омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва арҷ гузоштан ба аҷдодони худ дастуру супоришҳо доданд.




