Бисёре аз кишварҳои рӯ ба рушди бо даромади кам дар банд гирифтор шудаанд. Дар ин навъ кишварҳо бахши хусусӣ кӯчак ва заиф буда,  бо норасоии кадр, фановарӣ, сармоя, эътимод ва мудирияти дуруст рӯ ба рӯ аст. Истеҳсолкунандагони маҳаллӣ наметавонанд бо гигантҳои ҷаҳонӣ дар бозори озод рақобат кунанд. Дар ҳамин шароит интизор меравад, ки ҳукумат кишварро аз қашшоқӣ раҳо кунад, аммо ҳукумат худ низ бо мушкилоти гуногуне монанди бесамарӣ, фасод, адами истеъдод ва иттилоот, расмиятгароӣ ва фишори сиёсӣ гирифтор аст. Сиёсати нодуруст, иқтисоди бидуни пешрафт ва бесуботии иҷтимоӣ вазъи якдигарро бадтар мекунанд. Кишварҳо, пеш аз он ки ҷаҳиши иқтисодӣ дошта бошанд, бояд аз ин даври ботил (vicious circle) худро берун кунанд. Пурсиш инҷост, ки чӣ тавр метавон барномаҳои дурустро таҳия ва  амалӣ сохт ва  дар ин замина таҷрибаи Осиёи Шарқӣ дар чанд даҳсолаи охир метавонад бархе ишораҳоеро барои кишварҳои деромада, ки то ҳол дар пайраҳаи рушди босуръат қарор нагирифтаанд, ироа кунад.

  Улгуи муваффақияти Осиёи Шарқӣ аз ақидаҳои роиҷи имрӯз дар ҷамоати донорҳои КРР(ODA-Кумакҳои расмӣ барои рушд) фарқи зиёд дорад. Кишварҳои Осиёи Шарқӣ раванди рушди босуръатро бо таҳияи лоиҳаҳои стратегияи коҳиши камбизоатӣ ё бозбинии ҳокимият, шаффофият ва иштироки ҳамагонӣ оғоз накарданд. Мушкили аввалиндараҷаи онҳо истодагарӣ дар баробари хатароти зиндагӣ ё марге буд, ки аз ҳуҷуми лашкари беруна ва чандпорагии иҷтимоӣ дар дохил бархоста буд. Барои ҳифзи ваҳдати умумимиллӣ ва омодагии баланди ҳарбӣ рушди иқтисодӣ ҳамчун амри зарурӣ ба ҳисоб мерафт. Як режими сиёсие, дар чунин шароит имкони мудирияти дурустро  дошт, дар чанде аз кишварҳои Осиёи Шарқӣ ба вуҷуд омад, ки мо онро рушдгароии авторитарӣ увон гузоштем. Ин режим  ба ҳар қимате рушди иқтисодиро дунболагирӣ мекард ва саранҷом банди камбизоатиро гусехт. Дар пайи рушди босуръат мушкилоти нав ба миён омаданд, ба монанди халои даромад ва дороӣ, шаҳрнишинӣ, муҳоҷирати дохилӣ, харобии муҳити зист ва зичии барзиёди аҳолӣ дар шаҳрҳо, ки сари вақт ҳамчун мушкил эътироф ва расидагӣ шуда, роҳҳои ҳаллашон ҷуста мешуд.

Бо вуҷуди ин, бояд иқрор шуд, ки чунин режимҳо ва сиёсатҳое, ки бо воқеияти даврони ҷанги сард мувофиқ буданд, барои кишварҳои рӯ ба рушди имрӯз каме мушкилсоз ҳастанд. Дасрҳои таърих бояд бо дарки пурраи фарқиятҳо дар шарту шароит омӯхта шаванд. Ин ҷо пешниҳод мешавад, ки таҷрибаи Осиёи Шарқӣ, ба ҷойи пурра ва бе шарт қабул ё рад шудан, интихобан ва бо навсозиҳо омӯхта шуда, дар амал татбиқ гардад.

  1. Иҷроиши хубвале ноҳамвор

Рушди иқтисодии Осиёи Шарқӣ хеле барҷаста буд, вале иҷроиши баланд дар ҳама кишварҳо ё дар ҳама замон яксон набуд. Ҳамчунин наметавон гуфт, ки сабаби ин муваффақият шароити хуби сиёсиву иқтисодӣ дар ҳамон оғоз буд. Дар ибтидо лозим аст ин устура ва мифҳоро рад карда, нақши сиёсат дар дастёбӣ ба муваффақияти иқтисодӣ таъкид шавад. Рушди Осиёи Шарқӣ, чуноне ки дар зер оварда мешавад, умдатан аз тариқи дуруст амалӣ кардани сиёсатҳои муносиб ба даст омад, на зуҳури кадом як вижагиҳои зотӣ дар минтақа ба монанди сахткушӣ ё Кофутсионизм. Кишварҳое, ки ин сиёсатҳои лозимаро амалӣ накарданд ё онҳое, ки ин сиёсатҳоро нодуруст амалӣ карданд, натавонистанд дар ин пӯёии иқтисодии минтақа ширкат дошта бошанд. Расми 2-1 доманаи васеи дастовардҳо дар мудирият ва рушди иқтисодиро дар Осиёи Шарқӣ, бо ҳамбастагии мусбии қавӣ миёни ду тағйирёбанда, нишон медиҳад.